Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб ба 200 нафар собиқадорони ҷангу меҳнат кумакҳои моддӣ расонид. Аз ҷумла, ба 6 нафар куҳансолон дар манзилҳои истиқоматияшон туҳфаҳои молиявии ҳукумати ноҳия тақдим карда шуданд, иттилоъ доданд аз шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ноҳияи Ёвон ба хабарнигори АМИТ «Ховар».
Дар ноҳияи Ёвон пирони рӯзгордидае зиёданд, ки кору пайкор, кӯшишу ғайрат ва рӯҳи шикастнопазири онҳо барои наслҳои имрӯзу фардо сабақи зиндаи зиндагист. Месазад, ки ҳар рӯзу ҳар соат ба аёдату зиёрати ин қабил ашхоси рӯгордида ва пастию баландиҳоро санҷида рафта, аз онҳо дарси одамгарӣ, дардошноӣ, фидокорӣ ва ватандорӣ омӯзем.
Дар арафаи ин ҷашни таърихӣ муовини раиси ноҳияи Ёвон Гулрухсор Саидзода ва раиси Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати ноҳия Қутбиддин Сафархолов ба аёдати собиқадорони сохторҳои гуногун Чила Воҳидов, Саттор Қодиров, Ҷурахон Фатҳуллоев, Аслонхон Раҳмонов, Тоҳир Кавраков ва Субҳон Нуров рафта, онҳоро бо ҷашни сиюмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ табрик намуда, ба онҳо туҳфаҳои ҳукумати ноҳияро тақдим карданд.
Суҳбати ҳар кадоме аз ин собиқадорон моломол аз самимият, саршор аз панду насиҳат ва пур аз эҳсоси гарми ватандӯстию ватандорӣ буд. Ҳамаи онҳо ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос ва миннатдорӣ намуда, аз сидқи дил дуои нек доданд, то сулҳу суботи ҷомеа бегазанду пойдор бимонад ва Тоҷикистони азиз ба қуллаҳои баланди тараққию таҷаллӣ бирасад.
АМИТ «Ховар»