Дар ноҳияи Ёвон аз ҳисоби соҳибкорон 2000 ҷойи нави корӣ муҳайё гардидааст

Дар замони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибкорӣ дар ноҳияи Ёвон   рушд намуд. Соли равон ҳаҷми  маҷмӯи маҳсулоти  дохилии ноҳия ба зиёда аз 1,6 миллиард сомонӣ баробар гардид.

То имрӯз  бо саҳми соҳибкорони ноҳия  дар корхонаҳои саноатӣ зиёда аз 2000 адад ҷойҳои нави корӣ муҳайё гардид. Музди миёнаи  маоши коргарон аз 1200 то 2000 сомониро ташкил медиҳад.
Раиси Ассотсиатсияи соҳибкорони ноҳияи Ёвон Илҳомиддин Қурбонов  иброз намуд, ки соҳибкорони ноҳия  дар ҳамбастагӣ бо ҳукумати ноҳия  фаъолият намуда, дар корҳои ободонӣ  саҳми арзанда  мегузоранд.  Соли гузашта пули мошингузари маркази ноҳия бар асари офати табиӣ  хароб гардид. Соҳибкорони ноҳия дар  сохтмони он 8 миллион сомонӣ саҳм гузоштанд.

Соҳибкорони ноҳия  барои ободу зебо гардидани ноҳияи Ёвон кӯшиш намуда, иншооти замонавӣ  месозанд.  Ҳоло аз ҳисоби соҳибкор Акбар Ғуломов бо харҷи  20 миллион сомонӣ  Коллеҷи тиббӣ, Коллеҷи сохтмонӣ ва кӯдакистон барои 250 нафар бунёд гардида истодааст, ки сохтмони онҳо соли 2017 ба итмом расида, 70 ҷойи нави корӣ муҳайё мегардад.

Аз тарафи соҳибкор Баҳриддин Ҷурахонов дар маркази ноҳия мактаб барои 640 нафар хонанда дар як баст бо маблағи 18 миллион сомонӣ  бунёд шуда истодааст.

Соҳибкори дигари ноҳия Лутфуллоҳ Қурбонов  бо маблағи як миллион сомонӣ дар ҷамоати Ҳусейнов маҷмааи варзишӣ сохта истодааст, то насли наврас ба тамрин ва тарзи ҳаёти солим рӯ биёрад.

АМИТ "Ховар"

Tags: