Имрӯзҳо ҷиҳати ба мардум расонидани аҳамият ва ҳадафҳои қабули тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар мулоқоти гурӯҳҳои кории таблиғотӣ ба сокинон бомаром идома доранд.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров зимни мулоқот бо сокинони ноҳияи Лахш чунин зикр намуд: «Мо хуб медонем, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» яке аз ташаббусҳои нодири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ҳанӯз 10 сол муқаддам ба ислоҳоти вазъи маънавии ҷомеа оғоз бахшид. Қонун ислоҳоти ҳаёти иҷтимоӣ ва тартиби гузаронидани ҷашну маъракаҳои мардумиро масъалагузорӣ намуда, дар кори озод шудани оилаҳо аз хурофот ва одатҳои вазнин хизмати арзанда кард».
Шукурҷон Зуҳуров зимни вохӯрӣ муҳтавои қабули тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкурро шарҳ дода, оид ба беҳтар кардани шароити зиндагии мардум иброз дошт, ки «бояд ҳамаи нозукиҳои гузаронидани маросими азодорӣ, тартиби ташкили ин гуна маросим мувофиқ ба мазҳаби ҳанафӣ, вазифаи масъулини динӣ ва комиссияҳои доимию ҷамъиятӣ муайян карда шавад».
Раиси Маҷлиси намояндагон ҳамчунин иброз намуд, ки тартиб ва ташкили таъзия, маросими се, чил ва сол бояд бе додани таом ва забҳи чорво гузаронида шаванд ва мо бояд кӯшиш намоем, ки соҳибони майит ва шаҳрвандони кишвар дар қабули таъзия ва фиристодани дуо ва салавот ба арвоҳи гузаштагон мутобиқ ба талаботи шаръӣ амал намоянд.
АМИТ "Ховар"