Дар ноҳияи Лахш дар баландии 32 метр байрақи Тоҷикистон насб гардид

Бо мақсади истиқболи сазовори 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳияи Лахш корҳои ободонӣ вусъат меёбанд. Дар робита ба ин, тозакунии кӯчаҳо, сабзазоркунию гулзоркунии маркази шаҳраки Ваҳдат ва ҷамоати деҳоти Ҷиргатол бо маром идома дошта, сохтмони зиёда аз 22 иншооти ҷашнӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.
Бахшида ба ҷашни 25- солагии Истиқлолияти давлатӣ бо саҳмгузории имомхатибон ва кӯшиши Бахши танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар назди бинои ҳукумати ноҳия дар баландии 32 метр байрақи Тоҷикистони азизро насб карданд, ки он ба маркази ноҳия ҳусни тоза бахшидааст.

АМИТ «Ховар»

Tags: