Дар 9 моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Ҳамадонӣ ба 64,5 миллион сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10,5 миллион сомонӣ зиёд маҳсулот истеҳсол гардидааст. Дар ин бора аз мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳамадонӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Ҳамчунин зикр гардид, ки феълан дар ноҳияи Ҳамадонӣ 51 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки соли равон 11 адади он фаъолият накарда, ба буҷет 2,2 миллион сомонӣ ворид нагардид.
Гуфта шуд, ки дар баробари таъмин гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Ҳамадонӣ дар соҳаи кишоварзӣ низ камбудиҳо низ ҷой доранд. Аз ҷумла, ба таври зарурӣ истифода набурдани заминҳои кишоварзӣ, сари вақт нагузаронидани кишти тирамоҳӣ яке аз мушкилоти дигари кишоварзони ноҳия мебошад.
Масъулони ноҳияро зарур аст, ки ҷиҳати ба кор даровардани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда аз ҳамаи имкониятҳо истифода намоянд. Дар сурати пурра фаъолият кардани корхонаҳои саноатӣ сатҳи бекорӣ дар мамлакат коҳиш ёфта, рушди иқтисодиёт беҳтар мегардад.
АМИТ «Ховар»