Дар ноҳияи Файзобод озмуни «Рӯзи парчами давлатӣ» баргузор шуд

Субҳи имрӯз бахшида ба Рӯзи Парчами миллӣ дар Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасони ноҳияи Файзобод озмуни ноҳиявии «Рӯзи парчами давлатӣ»- и Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар озмуни мазкур хонандагони навраси маҳфилҳои Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия фаъолият доранд, аз рӯйи шартҳои қироати шеърҳо дар бораи рамзҳои давлатӣ, инъикоси рамзҳои давлатӣ, саволу ҷавоб оид ба рамзҳои давлатӣ, иҷрои сурудҳои дорои хусусиятҳои ватандӯстона ва муқаддасоти миллӣ донишҳои худро санҷиданд.
Ҳадаф аз баргузории озмуни «Рӯзи парчами давлатӣ» фаъол гардонидани кори маҳфилҳо ва дигар иттиҳодияҳои кӯдакона, мустаҳкам намудани дӯстӣ ва дар рӯҳияи ифтихори ватандорӣ ва арзишҳои миллӣ тарбия намудани насли наврас мебошад.

АМИТ «Ховар»

Tags: