Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бунёди иншооти калонҳаҷми соҳаи тандурустӣ-бинои Маркази перинаталӣ дар шаҳри Бохтар, Беморхонаи бисёрсоҳавӣ бо 200 кати бистарикунонӣ ва Маркази саломатӣ бо 300 ҷои қабули беморон дар ноҳияи Қубодиён, Маркази табобати бемориҳои қалб дар шаҳри Бохтар ва Беморхонаи рақамӣ дар ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ идома дорад.
Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ҳадаф аз бунёд, навсозӣ ва таъмиру тармими муассисаҳои тандурустӣ — ин баланд бардоштани хизматрасонии босифати тиббӣ дар тамоми гӯшаву канори мамлакат мебошад.
Ҳамчунин дар вилоят сохтмони бунгоҳ ва марказҳои саломатӣ дар сатҳи деҳот вусъати тоза касб намуда истодааст.
Ёдовар мешавем, ки баҳри хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии вилояти Хатлон 115 адад муассисаҳои сохтори госпиталӣ ва 41 адад муассисаҳои амбулаторию госпиталӣ фаъолият намуда истоданд.
АМИТ «Ховар»