Дар Муъминобод Маркази ҷумҳуриявии барқарорсозии бемориҳои дил ба қабули шаҳрвандон оғоз намуд

Дар ноҳияи Муъминобод шурӯъ аз моҳи сентябр Маркази ҷумҳуриявии барқарорсозии бемориҳои дил бо иқтидори 130 воҳиди корӣ ва 100 кат ба қабули шаҳрвандон оғоз намуд. Дар ин бора мудири бахши рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи мазкур Бахтовари Диловар ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод.

— Имрӯзҳо аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ беморон ва шахсоне, ки баъди табобати бемории дил аз бемористонҳо ба хонаҳояшон рухсат гирифтаанд, ба ин муассиса барои истироҳат меоянд ва аз хизматрасониҳои табибон бисёр қаноатманданд, — иброз намуд Бахтовари Диловар.

Муассисаи мазкур бо таҷҳизоти пешрафтаи соҳаи тиб муҷаҳҳаз гардонида шуда, дар он беҳтарин табибони соҳаи дил (кардиологҳо) ба кор ҷалб карда шудаанд.

Ҳамчунин ин макон барои рушди соҳаи сайёҳӣ бисёр муфид буда, сайёҳонро аз тамоми гӯшаву канори мамлакат ва берун аз он ба ноҳия ҷалб менамояд, ки инро сайёҳии табобатӣ меноманд.

АМИТ «Ховар»

Tags: