Дар МОИ «Суғд» истеҳсоли зарфҳои коғазии бехатар ва аз ҷиҳати экологӣ тоза ба роҳ монда мешавад

Дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» боз як корхонаи нав, ки ба истеҳсоли зарфҳои коғазӣ машғул мегардад, ба қайд гирифта шуд.

Тавре аз маъмурияти МОИ «Суғд» ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҶДММ “Покзарф” фаъолияти истеҳсолиро дар ҳудуди 500 м2 амалӣ намуда, зиёд намудани ҳудуди истеҳсолиро дар оянда ба нақша гирифтааст. Иқтидори истеҳсолии корхона 9000 донаро дар як соат ташкил медиҳад.

Фаъолияти асосии ҶДММ “Покзарф” ба истеҳсоли зарфҳои коғазӣ барои маҳсулоти намудҳои гуногуни хӯрокворӣ равона карда шудааст. Барои истеҳсоли маҳсулоти коғазӣ таҷҳизот ва технологияҳои навтарин истифода бурда мешаванд. Маҳсулоти истеҳсолшуда пурра ба стандартҳои байналмилалии сифат ҷавобгӯ буда, аз ҷиҳати экологӣ тоза ва безарар мебошад.

Роҳбарони корхона ният доранд, ки маҷмӯи маҳсулоти худро афзоиш дода, истеҳсоли намудҳои гуногуни зарфҳоро барои нӯшокиҳои газнок, афшураҳо ва коктейлҳо, чой, қаҳва, патароқ (попкорн), яхмос ва дигар хӯрокҳои тезпаз (фастфуд) ба роҳ монанд.

Корхона дар баробари фурӯши маҳсулот дар Тоҷикистон, инчунин дар оянда азми ба роҳ мондани содироти маҳсулот ба кишварҳои ҳамсоя, аз қабили Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Афғонистон дорад.

Бояд гуфт, ки чанде пеш бозори хӯрокхӯрии якдафъаинаро зарфҳои пластикӣ пур мекарданд, ки истифодаи онҳо ба саломатии инсон зараровар арзёбӣ мешуд. Хушбахтона, бо мурури замон зарфҳои коғазии бехатар ва аз ҷиҳати экологӣ тоза истеҳсол шуданду истифодаи онҳо дар соҳаҳои гуногуни хӯроки умумӣ бартарӣ пайдо намуд. Истифодаи зарфҳои коғазӣ барои пешгирии бемориҳои сироятӣ, хусусан коронавирус ба манфиати сокинон буда, барои саломатии аҳолӣ бехатар мебошад.

Ёдовар мешавем, ки айни замон дар МОИ «Суғд» 30 субъект ба қайд  гирифта шудааст.

АМИТ «Ховар»

Tags: