ТВТ. 01.06.2022. 31 май дар Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ дар Минск ҷаласаи навбатии Шӯрои намояндагони ваколатдори доимии давлатҳои аъзои ИДМ дар назди мақомоти оинномавӣ ва дигар мақомоти Иттиҳод баргузор мешавад. Тавре ба АМИТ «Ховар» дар дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ иттилоъ доданд, дар он Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақомоти оинномавӣ ва дигар мақомоти ИДМ Маҳмадшариф Ҳақдод иштирок мекунад.
Дар ҷаласа аъзои Шӯрои намояндагони ваколатдори доимии давлатҳои аъзои ИДМ натиҷаҳои ҷаласаҳои Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ ва Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ-ро, ки чанде пеш баргузор шуданд, ҷамъбаст намуда, вазифаҳоро оид ба татбиқи ҳуҷҷатҳои чанде қабл қабулшуда ва созишҳои ҳосилгардида муайян мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ 13 май дар Душанбе бо иштироки роҳбарони идораҳои сиёсати хориҷии ИДМ баргузор шуд, ки дар он 10 ҳуҷҷат қабул гардид. Ҷаласаи Шӯрои намояндагони ҳукуматҳо 20 май ба таври маҷозӣ баргузор шуд. Сарони ҳукуматҳо якчанд ҳуҷҷатҳоро, ки ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини амнияти биологӣ ва иттилоотӣ, тавсеаи ҳамкории ҷавонон ва илмию технологӣ нигаронида шудаанд, ба имзо расониданд. Илова бар ин, намояндагони доимӣ ният доранд, ки дурнамои рушди заминаи ҳуқуқии ИДМ дар соли 2022-ро баррасӣ намоянд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»