Дар маркази Исфара сохтмони майдони Парчами давлатӣ оғоз гардид

Ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази  шаҳри Исфара сохтмони майдони Парчами давлатӣ оғоз гардид. Дар ин бора аз маркази матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои сармеъмори шаҳри Исфара Абдумубин Фаттоев, майдони Парчами давлатӣ дар масоҳати 0,65 гектар бунёд гардида, лоиҳаи иншоот аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш»-и шаҳри Исфара омода шудааст.

Баландии сутунпояи Парчами давлатӣ 50 метрро ташкил медиҳад. Арзиши корҳои сохтмонӣ 2 миллиону 220 ҳазор сомониро дар бар гирифта, дар майдони мазкур бунёди гулгашту нишастгоҳҳо ва фаввораҳо низ дар назар аст, ки ба ҳусни шаҳр шукӯҳи хосса зам менамоянд.

Майдони Парчами давлатӣ ба истиқболи ҷашни 30–солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифта, дар назар аст, ки бахшида ба ин ҷашни миллӣ зиёда аз 450 иншооти муҳим мавриди истифода қарор дода шаванд.

АМИТ  «Ховар»

Tags: