Дар шаҳри Кӯлоб имсол дар майдони 3074 гектар кишти пунбадона гузаронида шуда, то имрӯз 99,7 тонна ҳосили «тиллои сафед» ҷамъоварӣ гардидааст. Дар ин бора мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб хабар медиҳад.
Тибқи иттилои Раёсати кишоварзӣ, дар шаҳри Кӯлоб 2191 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият мекунанд, ки аз инҳо 1029 ададаш хоҷагии деҳқонии пахтакор мебошанд.
Масъулин иброз доштанд, ки пахтакорӣ дар соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб рафта, барои тараққӣ додани иқтисодиёти шаҳру деҳот аҳамияти хосса дорад.
Ёдовар мешавем, ки дурнамои чиниши пахта барои шаҳру деҳоти Кӯлоб дар мавсими имсола 6980 тонна муқаррар шудааст.
АМИТ «Ховар»