Дар қароргоҳи Созмони ҳамкории Шанхай дар Пекин Рӯзи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад

1 сентябри соли равон дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Халқии Хитой дар қароргоҳи Созмони Ҳамкории Шанхай Рӯзи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  иттилоъ доданд, санъат ва фарҳанги тоҷикро дар СҲШ ансамбли рақсии «Ҷаҳоноро», инчунин ҳунарпешагон Ҳақназар Аловатов ва Фирдавс Ҳошимов муаррифӣ хоҳанд кард.

Ҳадаф аз баргузории Рӯзи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани санъати волои тоҷик, фарҳанги миллӣ ва аз ҷониби ҷаҳониён ҳамчун кишвари соҳибтамаддун шинохтани Тоҷикистон мебошад.

АМИТ "Ховар"

Tags: