Дар Исломобод машваратҳои сиёсии Тоҷикистону Покистон баргузор гардиданд

Дар шаҳри Исломобод машваратҳои сиёсӣбайни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷииҶумҳурии Исломии Покистон бо иштироки ҳайатҳои расмии ҳарду ҷониб баргузор гардиданд.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҳайатҳои ҷонибҳоро Муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ ва Муовини вазири корҳои хориҷии Покистон Айтзаз Аҳмад роҳбарӣ намуданд.

Дар машваратҳо ҷонибҳо вазъи кунунии муносибатҳои ду кишварро мавриди баррасӣ қарор дода, аз мазмуну муҳтавои робитаҳои Тоҷикистону Покистон изҳори қаноатмандӣ карданд. Таъкид гардид, ки ҳамкории ду кишвар ба марҳилаи татбиқи лоиҳаҳои муҳими энергетикӣ ва инфрасохторӣ ворид гардидааст, ки намунаи боризи он лоиҳаи интиқоли неруи барқи CASA-1000 мебошад.

Зимни мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, илму маориф ва фарҳанг мавриди баррасӣ қарор гирифта, тасмими ҷонибҳо ҷиҳати боз ҳам равнақ бахшидан ба муносибатҳои мутақобилан судманд миёни ду кишвар таъйид гардид.

Дар доираи машваратҳо ҳамчунин табодули назар оид ба мавзӯъҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ сурат гирифт. Дар ин росто мавқеи ҳамсони ҷонибҳо дар масъалаҳои мубориза бо таҳдиду хатарҳои муосир ба суботу амнияти минтақа ва ҷаҳон таъкид гардида, ҳамкории судманди Тоҷикистону Покистон дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ҷавобгӯ ба манфиатҳои ду кишвар ва минтақа арзёбӣ гардид.

АМИТ "Ховар"

Tags: