Дар Ишкошим таҳти шиори «Якҷо бо маводи нашъадор мубориза мебарем» ҳамоиш доир шуд

Бо мақсади пешгирӣ ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба  хатари нашъамандӣ дар ҷомеа дар  маркази ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳти шиори «Якҷо бо маводи нашъадор мубориза мебарем» ҳамоиши муштараки фарҳангӣ-маърифатӣ ва варзишии «Корвони зиддимухаддиротӣ-2020» оғоз гардид. Ҳамоиши мазкур бо риояи қоидаҳои пешгирӣ аз хатари бемории сироятии коронавирус аз ҷониби Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуд.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар корвони мошинҳои кормандони ду ниҳод  шиору овезаҳои «Маводи нашъадор-хатар ба ҷомеа!» ва «Варзиш — зидди нашъамандӣ!» насб гардида буданд.

Дар ҳамоиши муштарак раиси ноҳияи Ишкошим Мӯсо Мирзозода, сардори шуъбаи пешгирии нашъмандиии Агентии назорати маводи нашъаовар  полковник Бозоралӣ Сафарализода, намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим, бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ва дигарон изҳор доштанд, ки баргузории чунин ҳамоишҳо барои  маълумоти бештар пайдо кардани насли наврасу ҷавон оид ба хатари нашъамандӣ, тарғиби интихоби дурусти ҳаёт тавассути варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ мусоидат мекунанд. Донишу касбомӯзӣ, варзиш ва меҳнатдӯстӣ роҳи раҳоӣ аз ин вабои аср мебошанд.

Дар доираи ҳамоиши муштарак даври ниҳоии мусобиқаҳои варзишии волейбол, шашка ва шоҳмот миёни ҷавонони ноҳия  баргузор шуда, дар фазои тантанавӣ аз номи роҳбарони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҷумҳурӣ ва Вазорати корҳои дохилии мамлакат  ба ғолибон Ҷом, диплом, медалу ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамоиши  муштараки «Корвони зиддимухаддиротӣ-2020» фарогири 14 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ: Ишкошим, Хоруғ, Дарвоз, Ш.Шоҳин, Кӯлоб, Ҳамадонӣ, Фархор, Панҷ, Шаҳритус, Бохтар, Панҷакент, Хуҷанд, Исфара ва Душанбе буда, баргузории он дар дар ин шаҳру ноҳияҳо дар назар дошта шудааст.

АМИТ «Ховар»

Tags: