Дар Исфара даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст ва ғолибон қадршиносӣ гардиданд. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар озмун довталабони синни гуногун ширкат намуда, шеъру ғазалҳои азёдкарда ва асарҳои аз осори адибони муосири тоҷик ва адабиёти ҷаҳон хондаашонро манзури ҳакамон намуданд.
Дар бахши аз ёд кардан ва хондани осори адибони классики тоҷик Гулҷаҳон Икромова, дар бахши аз ёд кардан ва хондани осори адибони муосири тоҷик Зайнуриддин Заҳайризода, дар бахши аз ёд кардан ва хондани ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқи тоҷик Фотима Деҳқонова, дар бахши аз ёд кардан ва хондани осори адабиёти ҷаҳон Шаҳнавоз Акрамова ва дар бахши шоирӣ Абдураҳмон Авезов бо хулосаи ҳайати ҳакамон сазовори ҷойҳои аввал дониста шуданд.
Аъзои ҳакамон бо изҳори қаноатмандӣ аз лаёқат ва дониши довталабон ба сатҳи ташкили озмун баҳои баланд доданд.
Ғолибони даври шаҳрии озмун барои иштирок дар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳхат гирифтанд.
АМИТ «Ховар»