Дар Хуҷанд Мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба камонварӣ баргузор мегардад

Аз 20 то  22 сентябри соли равон дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд барои дарёфти Ҷоизаи Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Зебунисо Рустамова байни ҷавонони аз 17 то 20-сола  Мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба камонварӣ баргузор мегардад. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ  ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод.

Тибқи иттилои манбаъ, даври аввали мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар сатҳи маҳаллӣ ва марҳилаи дуюми он дар сатҳи минтақавӣ ва вилоятӣ баргузор гардида, беҳтаринҳо ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат пайдо менамоянд.

Бояд зикр кард, ки баргузории марҳилаи аввали мусобиқа 21 июли соли 2019 дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар дар назар дошта шуда, марҳилаи дуюм пас аз анҷоми марҳилаи аввал дар сатҳи минтақа ва вилоят бо иштироки беҳтарин варзишгарони маҳаллӣ доир карда мешавад.

Дар мусобиқаи мазкур иштироки дастаҳо аз тамоми минтақаҳои мамлакат дар назар дошта шуда,   ғолибон барои ҷоизаҳои барандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпии Монреал-1976 Зебунисо Рустамова қувваозмоӣ мекунанд.

Хотиррасон менамоем, ки сардовари мусобиқаи мазкур Мухтор Шерғозиев муайян гардидааст.

АМИТ «Ховар»

Tags: