Дар Хатлон ҳаҷми мусофиркашонӣ 17 фоиз афзоиш ёфтааст

Дар соли 2016 дар вилояти Хатлон нисбат ба соли 2015-ум ҳаҷми боркашонӣ 4 фоиз ва мусофиркашонӣ 17 фоиз афзоиш ёфт.
Дар соли 2016 дар вилоят 2286,6 километр роҳҳо ба маблағи 733 миллиону 658 ҳазор сомонӣ аз таъмири асосӣ ва ҷорӣ бароварда шуданд.
Ҳамзамон аз ҳисоби соҳибкорон ва аҳолӣ ба маблағи 30 миллиону 767 ҳазор сомонӣ роҳҳо таъмири асосӣ ва ҷорӣ, аз ҷумла 23,6 км таъмири асосӣ, 29,2 км таъмири ҷорӣ шуда, 22 пул бо дарозии 187 метр таъмир ва 423,0 километр роҳҳо сангфарш карда шудаанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: