ҶОМИ ҶАҲОН-2019: дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон оид ба футбол бар Камерун ғалаба кард!

Субҳи имрӯз дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар бозии даври гурӯҳии Ҷоми ҷаҳон-2019 бар дастаи Камерун бо ҳисоби 1:0 ғолиб омада, садрнишини гурӯҳи «Е» гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Голи ягонаи бозиро Шарифбек Раҳматов аз ҷаримаи 11-метра (пеналтӣ) ба нишон расонид.

Бозии дигари гурӯҳ миёни дастаҳои мунтахаби наврасони то 17-солаи Испания ва Аргентина бо ҳисоби мусовӣ — 0:0 анҷом ёфт.

1 ноябр наврасони тоҷик бо ҳамсолонашон аз Испания ва Аргентина бо Камерун бозӣ мекунанд.

Ҳамин тавр дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон оид ба футбол баъди даври аввал бо 3 имтиёз садрнишини гурӯҳи «Е» гардид.

Ҷоми ҷаҳон-2019 миёни наврасони то 17-сола аз 26 октябр то 17 ноябр дар Бразилия баргузор мегардад.

АМИТ «Ховар»

Tags: