Волии Нангарҳор Зиёулҳақ Амирхел мегӯяд, ки шоми шанбе (17 апрел) ҳангоми ҳамлаи афроди мусаллаҳи номаълум дар шаҳри Нангарҳор, маркази вилояти Ҷалолободи Афғонистон ҳашт узви як хонавода кушта шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шабакаи телевизионии tolonews.com.
Вай афзуд, ки ин ҳодиса тахминан соати 9 шаби шанбе рух дод. Афроди кушташуда ҳангоми адои намоз дар яке аз масҷидҳои маҳаллаи нуҳуми шаҳри Ҷалолобод аз ҷониби ашхоси мусаллаҳи ношинос тирборон шуданд.
«Дар ин ҳодиса панҷ писар ва се ҷияни Ҳоҷӣ Абдулваҳҳоб кушта шуданд ва баррасиҳои нахустин нишон медиҳанд, ки эҳтимол ин ҳодиса дар натиҷаи хусумати шахсӣ рух додааст».
Вай таъкид кард, ки мақомоти таҳқиқи ин ҳодисаро оғоз кардаанд.
АМИТ «Ховар»