Дар Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2016 зиёда аз 400 нафар соҳибкор аз 30 мамлакати дунё иштирок доранд

Дар Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2016 «Рушди истеҳсолоти миллӣ- имконияти нави сармоягузорӣ», ки дар доираи таҷлили Рӯзи соҳибкор баргузор гардида истодааст, зиёда аз 400 нафар иштирокчиён аз 30 мамлакати дунё, аз ҷумла намояндагони воломақоми Ҳукумати ҶТ ва ҳукуматҳои кишварҳои ҳамшарик, роҳбарони созмонҳои байналмилалии молиявӣ, соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷӣ, намояндагони бонкҳо, ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ, олимону коршиносон ширкат доранд.
Намояндагони Ширкати «Глинкор Интернэшнл»-и Швейтсария, Ширкати ҳавопаймоии «Қатарэйрвейс»-и Давлати Қатар, Ширкати «Аэробус»-и Фаронса, Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин, Ширкати «Кока-кола», Ширкати «Винчи»-и Фаронса ва дигар ширкатҳои бонуфузи ҷаҳон аз иштирокчиёни фаъоли Форум мебошанд.
Дар маросими ифтитоҳии Форум намояндагони воломақоми кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва сармоягузорони хориҷӣ, аз ҷумла Шоҳзодаи Арабистони Саудӣ Олиҷаноб Абдулазиз бин Файсал бин Абдулмаҷид бин Абдулазиз Оли Сауд, директори минтақавии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Маккейн Нейл, роҳбари минтақавии Корпоратсияи байналмилалии молиявии Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ оид ба телекоммуникатсия Реҷендра Синх, Президенти Ширкати «Глинкор Интернэшнл» Айван Глазенберг, Президенти Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин Ҷианг Ронг Ҳуанг, ноиби калони Президенти Ширкати ҳавопаймоии «Қатарэйрвейс» Алӣ Ал Раис, Президенти ширкати «Акай Интернешнл»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин суханронӣ намуданд.
Дар айни замон кори Форум дар толорҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар панҷ бахш сурат гирифта, масъалаҳои мубрами рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ баррасӣ шуда истодаанд.
Форуми ҳарсолаи байналмилалии соҳибкорӣ шакли муҳимтарини муколамаи байни давлат ва бахши хусусӣ, чорабинии калони соҳибкорию сармоягузорӣ ба ҳисоб рафта, дар он шумораи зиёди шахсиятҳои мансабдори сатҳи баланд, намояндагони созмонҳо ва соҳибкорон аз саросари ҷаҳон ва соҳибкорони ватании соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ ва молиявӣ иштирок менамоянд.
Воқеан баргузории форумҳои иқтисодӣ барои соҳибкорону сармоягузорон чиҳати баррасии масъалаҳои муҳим ва ҳамоҳанг намудани ҳамкорӣ дар сатҳи байналмилалӣ, истифода аз имкониятҳои молию зеҳнӣ ва татбиқи лоиҳаҳо дар асоси мутақобилан судманд заминаи мусоид фароҳам меорад.

АМИТ «Ховар»/

Tags: