Дар Эфиопия ҳавопаймо суқут кард. Миёни мусофирони он кормандони Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба гурезагон ва дигар кормандон буданд. Дар дохили ҳавопаймо 19 нафар кормандони зерсохторҳои СММ қарор доштанд, — изҳор дошт Комиссари Олӣ оид ба гурезагон Филиппо Грандӣ. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба «РИА Новости» хабар медиҳад.
«Имрӯз Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба гурезагон талафоти зиёд дид. Мо тасаллияти амиқамонро ба наздикону пайвандони ҳамкоронамон ва ҳамаи дигар шахсоне, ки мо имрӯз онҳоро ба таври фоҷианок аз даст додем, изҳор менамоем», — афзуд Грандӣ.
Субҳи барвақт ҳавопаймои «Boeing-737» бо 157 нафар мусофирон, аз ҷумла 8 нафар аъзои сарнишинон дар наздикии шаҳри Дэбрэ-Зэйти Эфиопия суқут кард. Ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд.
Ба гуфтаи намояндаи ширкати «Ethiopian Airlines», миёни қурбониён шаҳрвандони Россия (3 нафар), Кения (32 нафар), Канада (18 нафар), Эфиопия (9 нафар), Италия (8 нафар), Чин (8 нафар), ИМА (8 нафар), Британия (7 нафар), Франсия (7 нафар), Миср (6 нафар), Нидерландия (5 нафар), Ҳиндустон (4 нафар), Словакия (4 нафар), Австрия (3 нафар), Марокаш (2 нафар), Испания (2 нафар), Полша (2 нафар) ва Исроил (2 нафар) мебошанд.
АМИТ «Ховар»