Дар Душанбе вохӯрии кории қӯшунҳои сарҳадии кишварҳои ИДМ гузаронида шуд

29 октябр дар шаҳри Душанбе вохӯрии кории сардорони сарситодҳо, шахсони мансабдори мақомоти сарҳадии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки масъули ҳифзи сарҳад мебошанд, баргузор гардид. Тавре аз маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар вохӯрӣ сардорони ситодҳои ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон, Беларус, Федератсияи Россия,  ва роҳбари Хадамоти ҳамоҳангсози Шӯрои фармондеҳони Қӯшунҳои сарҳадии давлатҳо-иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок карданд.

Ба иттилои манбаъ, иштирокчиён масъалаҳои мустаҳкам намудани сарҳади берунии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон, истифодаи  воситаҳои муосири техникӣ дар муҳофизати сарҳади давлатиро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.

Ҳамзамон роҳбарони ҳайатҳо оид  ба  мубодилаи таҷриба дар самти ҳифзи сарҳад ва пешгирӣ аз қочоқ сухан гуфтанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: