Дар Душанбе вазъи соҳаи саноати Тоҷикистон таҳлил гардид

Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи дуюми Гурӯҳи кории байниидоравӣ аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои марбута ва бахши хусусӣ ҷиҳати таҳлили вазъи соҳаи саноати мамлакат, муайян намудани имкониятҳои нави баланд бардоштани иқтидорҳои соҳа ва таҳияи тавсияҳои мушаххас баргузор гардид.

Ҷаласаи мазкур бо мақсади иҷрои супориши  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 12 феврали соли 2020 ҷиҳати дуруст ба  роҳ мондани сармоягузорӣ доир гардид.

Дар баррасии масъалаҳо намояндагони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи  амволи давлатӣ, кумитаҳои бехатарии озуқаворӣ, ҳифзи муҳити зист, андоз, кор бо ҷавонон ва варзиш, Агентии «Тоҷикстандарт», Агентии содирот, роҳбари Гурӯҳи консалтингии «Камолот 1»  табодули назар намуда, пешниҳодҳои судманд баён карданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: