Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия таҳлили фаъолияти молиявии вазорату идораҳоро ба нақша гирифтааст

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи муқаррароти Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тҷикистон «Дар бораи тасдиқи Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)» дар моҳҳои феврал-апрели соли 2018 дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани таҳлили фаъолиятро ба нақша гирифтааст.

Тавре аз маркази матбуоти ин ниҳод хабар доданд, таҳлили фаъолият дар доираи фаъолияти вазорату кумитаҳои интихобшуда аз ҷониби гурўҳ оид ба баҳодиҳии хавфҳои коррупсия, ки ба ҳайати он намояндагони вазорату идораҳои интихобгардида ва кормандони дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил шудаанд, гузаронида мешавад.

Тибқи талаботи бандҳои 28 ва 31-и методологияи мазкур барои таҳқиқ ва ошкорсозии хавфи амалҳои коррупсионӣ зарур аст, ки таҳлили муносибати мутақобилаи вазорату кумитаҳои интихобшуда бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати ҷамъоварии маълумот гузаронида шавад.

Аз ин рў, аз ҷомеаи шаҳрвандӣ даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати ошкорсозии хавфи амалҳои коррупсионӣ дар вазорату кумитаҳои интихобгашта, аз ҷумла, сатҳи баррасии муроҷиатҳо, шаффофияти фаъолияти онҳо, сомонаи интернетӣ ва амсоли онҳо маълумот ва таклифу пешниҳодҳои худро тариқи почтаи электронии  iinfo@anticorruption.tj ирсол намоянд.

АМИТ "Ховар"