Дар Душанбе таҳти унвони «20-солагии СҲШ: аз форуми минтақавӣ то эътирофи ҷаҳонӣ» видеоконференсияи байналмилалӣ доир мешавад

20 август дар шаҳри Душанбе бахшида ба 20-умин солгарди таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай дар мавзӯи «20 соли СҲШ: аз форуми минтақавӣ то эътирофи ҷаҳонӣ» конференсияи байналмилалии илмиву амалӣ баргузор мегардад.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ҳамоиш дар чаҳорчӯби раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2020-2021 ба нақша гирифта шуда, дар шакли маҷозӣ доир карда мешавад.

Дар кори конференсия иштироки муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дабири кулли СҲШ, собиқ Дабири кулли СҲШ, инчунин роҳбарон ва коршиносони варзидаи марказҳои таҳлилӣ ва муассисаҳои илмию таҳлилии давлатҳои узв, нозирон ва шарикони муколамаи СҲШ, намояндагони котиботи ИДМ ва Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ дар назар аст.

Ҳамзамон баррасии масъалаҳои зерин: СҲШ: 20 соли дастовардҳо ва дурнамои рушди ҳамкорӣ, нақши СҲШ дар тавсеаи ҳамсоягӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ дар минтақа, СҲШ ва дурнамои амнияти минтақавӣ, тақвияти ҳамкорӣ байни кишварҳои СҲШ дар соҳаҳои тиҷорат, молия ва сармоягузорӣ, вусъати ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика ва кишоварзӣ дар фазои СҲШ ва рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, фарҳанг ва илм дар доираи СҲШ пешбинӣ гардидааст.

АМИТ «Ховар»

Tags: