Дар Душанбе шаҳраки нав — №163 бунёд мегардад

Дар ҳудуди кӯчаҳои Шевченко, Бухоро ва Ҷалол Икромӣ шаҳраки 163 –юми шаҳри Душанбе  бунёд мегардад. Дар асоси супориши Раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ  тибқи Нақшаи генералии  пойтахт Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳр нақшаи муфассали тарҳрезии шаҳраки 163-ро  дар пойтахт  таҳия  намуд.  Бо  дастуру  супоришҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони биноҳои маъмурию истиқоматӣ дар шаҳраки  мазкур тибқи  талаботи муосири шаҳрсозӣ ба роҳ монда шуда, дар онҳо  унсурҳои меъмории миллӣ истифода мегарданд.

Дар ин бора  аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. Масоҳати ҳудудҳои қитъаи тарҳрезишудаи шаҳраки мазкур  40,00 гектарро дар бар  гирифта, дар  5,80 гектари он биноҳои истиқоматӣ  бунёд мегарданд. Шумораи биноҳои истиқоматии дар ин макон бунёдшаванда 75 ададро ташкил медиҳад.

Тибқи иттилои муовини якуми сардори Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе Ҳусниддин Саидмуъминов, дар шаҳраки нав  дар  масоҳати  0,90 гектар  сохтмони биноҳои маъмурӣ, ки 7 ададро ташкил медиҳанд, ба нақша гирифта шудааст.  Ҳамчунин  дар масоҳати 0,70 га  сохтмони биноҳои иҷтимоӣ, ки шумораи онҳо 4 адад муқаррар гардидааст, дар назар аст.

«Дар  шаҳраки нави замонавӣ  дар  масоҳати 8,00 гектар   роҳҳои мошингард, 6,90 гектар  пиёдароҳҳо бунёд  мешаванд.  Ҳудуди   14,00 гектари шаҳраки нав сабзазор  мегардад. Бо инобати васеъшавӣ навсозии  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ №52,  боғчаи кӯдаконаи №73  «Садбарг» ва ду адад боғчаҳои кӯдаконаи лоиҳавӣ барои 150- нафарӣ,  муассисаҳои томактабӣ  барои 75 кӯдак (дар ошёнаҳои аввали биноҳои истиқоматӣ) ва  марказҳои хизматрасонии тиббии оилавӣ,  нозироти минтақавӣ  (дар ошёнаҳои аввали биноҳои лоиҳавӣ)  ба нақша гирифта шудаанд.

Дар шаҳраки замонавӣ биноҳои истиқоматии серқабата ва миёнаошёна, марказҳои  хизматрасонӣ, кӯдакистонҳо, майдончаҳои варзиш, майдонча барои бозии кӯдакон, айвону гулгаштҳои истироҳатӣ ва таваққуфгоҳи 1 ва 2-ошёнагӣ  бо фароҳам овардани шароити хуб барои зиндагии сокинони он  бунёд карда мешаванд.

АМИТ «Ховар»

Tags: