Аз 12 то 14 октябр дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии «TajBUILD-2023» баргузор мегардад, ки дар он ширкатҳои сохтмонӣ аз 5 давлати хориҷӣ иштирок менамоянд.
Дар намоиши «TajBUILD-2023» беш аз 80 ширкати сохтмонӣ аз Федератсияи Русия, Узбекистон, Қазоқистон, Эрон, Туркия ва Тоҷикистон иштирок менамоянд. Дар намоишгоҳ масолеҳи сохтмонӣ, техникаю таҷҳизот, асбоб ва либосҳои махсуси сохтмонӣ, таҷҳизоти муҳандисиву иртиботӣ ва меъморӣ ба намоиш гузошта мешаванд.
Намоишгоҳ майдони бузурги имконият барои барқарор намудани робитаҳои тиҷоратӣ ва табодули таҷриба бо намояндагони соҳаи сохтмонӣ хоҳад буд. Он метавонад сабаби шарикону ҳамкорони нав пайдо намудани ширкатҳои дохиливу хориҷӣ гардад.