ТВТ. 15.06.2022. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва узви фаъоли Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати амалисозии ҳуҷҷатҳои стратегии ин созмони бонуфузи байналмилалӣ пайваста фаъолият мекунад. Ин нукта аз ҷониби иштирокдорон зимни баргузории Конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Нақши мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалисозии Ҳадафҳои Рушди Устувор дар робита бо ҳуқуқу озодиҳои инсон», ки имрӯз, 14 июн дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор шуд, баён гардид.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, Конференсияи мазкур бо мақсади иҷрои самараноки «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ҷиҳати ташвиқу тарғиби дастовардҳои Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон дар доираи амалисозии Ҳадафҳои Рушди Устувор барои давраи то соли 2030, ки бо қарори Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид аз 25 сентябри соли 2015 қабул шудааст, роҳандозӣ гардид.
Дар кори Конференсия намояндагони мақомоти давлатӣ, корпусҳои дипломатии муқими Душанбе, созмонҳои байналмилалӣ, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Дар доираи Конференсия масъулини вазорату идораҳои давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ вобаста ба самтҳои фаъолият дар доираи 17 Ҳадафи муайяннамудаи Созмони Милали Муттаҳид маърӯза намуданд.
Маърӯзаҳои пешниҳодшуда мавриди муҳокимаи иштирокчиёни чорабинӣ қарор дода шуда, ҷиҳати тақвият додани фаъолият ва иҷрои саривақтӣ ва самараноки «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дар робита бо ҳуқуқу озодиҳои инсон таклифу пешниҳодҳо ва тавсияҳои дахлдор баён карда шуданд. Зеро фаъолияти мақомоти давлатӣ ҷиҳати иҷрои саривақтӣ ва самараноки ин ҳадафҳои стратегӣ бо риоя, эҳтиром ва пешбурди ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳамбастагии ногусастанӣ дорад.
Дар ҷамъбасти чорабинӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода изҳори боварӣ намуд, ки натиҷаҳои Конференсия ба фаъолияти вазорату идораҳои дахлдор ва шакрикони рушд ҷиҳати таъмин намудани риоя, эҳтиром ва пешбурди ҳуқуқу озодиҳои инсон зимни амалисозии ҳуҷҷатҳои стратегии Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид такони тоза мебахшанд.
Ёдрас мешавем, ки «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва Ҳадафҳои Рушди Устувор барои давраи то соли 2030 ҳам аз ҷиҳати мазмуну муҳтаво ва ҳам аз ҷиҳати муҳлатҳои муқарраршуда мувофиқат мекунанд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»