Дар Душанбе муносибатҳои Тоҷикистону Чин баррасӣ гардиданд

Мулоқоти муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо ҳайати намояндагони сохторҳои гуногуни давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин 21 сентябр дар Душанбе баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо аз натиҷаҳои сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Чин ёдовар шуда, таъкид бар он намуданд, ки сафари мазкур ба марҳилаи нави муносибатҳо миёни кишварҳои мо ҳусни оғоз бахшида, барои баланд бардоштани сифат ва сатҳи равобити стратегии ҳамаҷониба ва ҳамкории гуногунҷанба имкониятҳои васеъ фароҳам овард. Омодагии ҷонибҳо барои саъю талошҳои муштарак дар ростои татбиқи қарордодҳои дар ҳошияи сафар бадастомада таъкид гардид.
Дар мулоқот масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика ва таъмини амният дар доираи ташаббуси “Як камарбанд, Як роҳ” мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

АМИТ "Ховар"

Tags: