Физики маъруфи тоҷик, профессор Хурсандқул Ибодинов аз олам даргузашт

Шаби гузашта узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, астрофизики маъруф, собиқ директори Институти астрофизикаи АИ ҶТ Хурсандқул Ибодинов дар синни 76-солагӣ  аз олам даргузашт.

Хурсандқул Ибодинов   22 марти соли 1944 дар деҳаи Работи ноҳияи Айнии вилояти Суғд ба дунё омада, мактаби миёнаи деҳаи Такфонро ба итмом расонидааст. Соли 1964 факултети физикаю математикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т. Г. Шевченкоро хатм намуда, ҳамон сол барои кор ба Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода мешавад. Давоми солҳои 1965—1969 дар риштаи аспирантура таҳсил карда, аз соли 1967 то соли 1969 дар Институти физикаю техникаи ба номи А. Ф. Иоффеи АИ ИҶШС ба корҳои илмию тадқиқотӣ машғул гардидааст.

Хурсандқул Ибодинов соли 1972 рисолаи номзадӣ ва соли 1998 рисолаи докторӣ дифоъ намуда, соли 1975 сазовори унвони ходими калони илмӣ ва соли 1999 соҳиби унвони профессорӣ мегардад.

Профессор Х. Ибодинов яке аз ташаббускорони кушодашавии ихтисос ва кафедраи нави астрономия дар ДМТ мебошад. Ӯ соли 1999 профессори кафедраи навтаъсиси астрономия буд ва солҳои 2002—2004 ва 2012—2014 сарварии кафедраи номбурдаро бар уҳда дошт. Аз соли 2002 то соли 2014 дар вазифаи директори Институти астрофизикаи АИ ҶТ фаъолият кардааст.  Қабл аз маргаш донишманди маъруф  мудирии шуъбаи кометаҳои институти мазкур ва профессори кафедраи астрономия буд.

Муҳимтарин дастоварди Хурсандқул Ибодиновро дар ҳалли проблемаи таҳаввули кометаҳо ва алоқамандии онҳо бо дигар ҷирмҳои Системаи офтобӣ дидан мумкин аст. Зеро ӯ яке аз асосгузорони самти нави астрофизика — астрофизикаи таҷрибавӣ ва муаллифи усулҳои  нави тадқиқоти кометаҳо  маҳсуб меёбад. Усулҳо  нави ҳалли масъалаи баръакси назарияи механикии шакли кометаҳо ва аз рӯи мушоҳидаҳо ошкор намудани механизми афзалиятноки ҳосилшавии чангро дар кометаҳо пешниҳод кардааст.

Ӯ нахсутин маротиба равандҳои мураккаби физикии каметаҳоро таҳқиқ намуда, ба ҷисмҳои астероидшакл табдил ёфтани як қисми каметаҳои кӯтоҳдаврро кашф кардааст. Вобастагии андозаи чангҳои думи кометаҳоро аз масофаи Офтоб ошкор намудааст. Назарияи таҷзияи ҳастаи думи каметаро ҳамчун системаи дутаркиба ва назарияи устувори динамикии қабати минералии сатҳи ядрои кометаро инкишоф ва  нишон додааст, ки ду тарзи таҳаввули минбаъдаи ҳастаи кометаҳо ҷой доранд. Ин хулосаҳои илмии Хурсандқул Ибодинов соли 2005 ҳангоми парвози киштиҳои кайҳонии «Вега» ва «Ҷотто» ба сӯи кометаи Ҳаллей тасдиқи амалии худро ёфтанд.

Доктори илмҳои физикаю математика (1998), профессор (1999), узви вобастаи АИ ҶТ (2008) Хурсандқул Ибодинов ҳамчунин узви Иттифоқи байналмилалии астрономӣ, Кумитаи байналмилалӣ оид ба тадқиқоти кайҳон, ҷамъиятҳои астрономии Аврупою Осиё ва роҳбари Ҷамъияти астрономҳои Тоҷикистон  буд.

Профессор Хурсанд Ибодинов муаллифи беш аз 150 асари илмӣ ва 5 дастури таълимию методӣ мебошад. Корҳои илмию тадқиқотҳои пурарзиши ин донишмандро дар соҳаи физикаи кометаҳо ба назар гирифта, сайёраи № 3436 аз ҷониби Кумитаи байналмилалӣ оид ба тадқиқоти кайҳон ба шарафи  насаби  ӯ Ибодинов (Ibadinov)  номгузорӣ шудааст.

 P.S. Маросими  ҷанозаи марҳум имрӯз соати 12:00 дар маҳаллаи 65, кӯчаи Фирдавсии шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

АМИТ «Ховар»

Tags: