Дар Душанбе Машварати шашуми вазирони маорифи давлатҳои аъзои СҲШ баргузор мешавад

Машварати шашуми вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе баргузор мегардад. Тавре ки аз Вазорати маориф ва илми кишвар ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, 19 октябр дар Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон ҷаласаи гурӯҳи коршиносони доимии давлатҳои аъзои СҲШ дар соҳаи маориф доир мегардад.
20 октябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузории Машварати шашуми вазирони маорифи давлатҳои аъзои СҲШ дар назар аст. Дар ҷамъбаст иштирокчиёни машварат ҳуҷҷатҳои ҷамъбастиро ба имзо расонида, барои хабарнигорони дохиливу хориҷӣ нишасти матбуотӣ доир мекунанд .
Дар назар аст, ки меҳмонон инчунин дар ин рӯз аз Мактаби байналмилалии президентии шаҳри Душанбе дидан намоянд.

 

Tags: