ТВТ. 25.05.2022. Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар шаҳри Душанбе тасдиқ гардид. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 18 майи соли 2022 ба имзо расид. Тибқи нақшаи чорабиниҳои мазкур, дар Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон баргузории барномаи идонаи фарҳангиву фароғатӣ, хамчунин ташкили намоиши ҳунару эҷод, мусаввараҳои беҳтарин, дастовардҳои кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе ва озмуни расмкашӣ дар назар дошта шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.
Раиси шаҳр ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ, ғоявию бадеӣ ва фарҳангиву маърифатӣ таҷлил намудани Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ба масъулини пойтахт супоришҳои мушаххас додаанд.
Ёдрас мешавем, ки бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, ки ҳамасола 1 июн таҷлил мешавад, дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон, аз ҷумла дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе чорабиниҳои гуногун баргузор мегардад.
Мавриди ёдоварист, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини ҳифзи иҷтимоии кӯдакони пойтахт, хусусан кӯдакони маъюб, оид ба нигоҳубину парасторӣ, таҳсили бепул, таъминот бо нафақа, хобгоҳ, ҷои кор ва беҳтар намудани вазъи моддӣ ва таъмини зиндагии шоистаи онҳо тамоми имкониятҳоро истифода мебарад. Ҳар сол ҷиҳати таҷлили бошукӯҳи Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон барои тарбиятгирандагони ҳамаи мактаб -интернатҳо ва хонаи кӯдакони пойтахт дастурхони идона ороста, барномаҳои ҷолибу рангини фарҳангию фароғатӣ пешниҳоди онҳо мегарданд. Аз ҷониби масъулин ба ҳар яки онҳо туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тақдим мегарданд.
Ҳамчунин Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба таҷлили ин рӯз пахши маводи таблиғотӣ, рекламаҳои иҷтимоӣ вобаста ба ҳаёти кӯдакону наврасон ба воситаи таблоҳои электронии шаҳри Душанбе ва таҳияи барномаҳои телевизионию радиоӣ ва мақолаҳо дар мавзӯъҳои ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ва пешгирии ҷинояткорӣ дар байни онҳоро ба нақша гирифтааст.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»