Дар Душанбе Конфронси сатҳи баланд оид ба лоиҳаи таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Норак» баргузор гардид

Имрӯз, 12 август дар Душанбе Конфронси сатҳи баланд оид ба лоиҳаи таҷдиди Нерӯгоҳи барқи обии «Норак» баргузор гардид.
Мақсади баргузории конфронс ҷалби сармоягузорӣ бобати таҷдиди Нерӯгоҳи барқи обии «Норак» арзёбӣ гардид.
«НБО «Норак» соли 70-уми қарни гузашта бунёд гардида, асоси соҳаи электроэнергетикаи Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Иқтидори лоиҳавии неругоҳ 3000 МВт-ро ташкил дода, 70 %-и ҳаҷми умумии неруи барқи неругоҳҳои кишвар истеҳсолшаванда ба ин неругоҳ рост меояд.
Тавре маълум аст, соҳаи энергетика яке аз соҳаҳои муҳимтарини соҳаи иқтисодӣ ба шумор рафта, дар ҷаҳони муосир ниёзмандӣ ва талабот ба он мунтазам зиёд мегардад. Бинобар ин, зарур аст, ки суръати рушди энергетикии кишвар назар ба дигар соҳаҳо беҳтару фаъолтар бошад. Бо мақсади расидан  ба ин ҳадафи сиёсӣ ва   истиқлолияти энергетикии кишвар, мо масъалаи рушди устувори соҳаи энергетикаро мавриди таваҷҷуҳи доимӣ қарор додаем»,- гуфт Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода зимни суханронӣ.
Зикр гардид, ки асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳаи таҷдиди неругоҳи барқи обии «Норак» ва таъмини бехатарии он бо дастгирии молиявии Бонки ҷаҳонӣ дар доираи лоиҳаи «Кам намудани талафоти неру» аз ҷониби ширкати мушовирии Tracebel Engeenireng  таҳия гардидааст.
Тибқи асосноккунии техникию иқтисодии омодагардида, арзиши корҳои таҷдиду азнавсозии неругоҳ тақрибан 700 млн. доллари ИМА арзёбӣ гардида, он ба ду марҳилаи татбиқ тақсим гардидааст. Барои татбиқи марҳилаи якуми лоиҳаи 350 млн. доллари ИМА лозим буда, дар доираи он иваз намудани 3 агрегат, 6 автотрансформатор ва корҳо вобаста ба бехатарии садд бо дарназардошти нақбҳои обпарто дар назар гирифта шудааст.
Дар марҳилаи дуюми лоиҳа иваз намудани 6 агрегати боқимонда ва дигар таҷҳизоту корҳои ба он алоқаманд пешбинӣ гардида, арзиши он 350 млн. доллари ИМА арзёбӣ гардидааст.
Дар конфронс таъкид гардид, ки таҷдиду азнавсозии НБО «Норак» дар баробари НБО «Қайроққум» ва НБО «Сарбанд» иқдоми навбатӣ дар роҳи ташаббусҳои Ҳукумати ҶТ, бахусус Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати таҷдиду азнавсозии иншооти энергетикӣ ва беҳтар намудани фазои энергетикии кишвар маҳсуб меёбад.
Дар конфронс намояндагони Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд, Бонки исломии рушд, Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ, Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд  маърӯза намуданд.
Дар  рафти конфронс инчунин лоиҳа ва пешниҳодҳои шарикони рушд ва созмонҳои байналмилалии молиявӣ муҳокима гардиданд.
Иштирокдорони конфронс нақшаи маблағгузории лоиҳаро низ тасдиқ намуданд.
Пагоҳ, 13 август иштирокчиёни конфронс  аз НБО «Норак» дидан хоҳанд кард.

АМИТ «Ховар»

Tags: