Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар Маркази ҷавонони шаҳри Душанбе Конфронси илмӣ-амалии «Ҷавонон- пайрави Пешвои миллат»-ро баргузор намуд.
Дар конфронс масъулини Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Маркази ҷавонони шаҳри Душанбе, волонтёрон, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва дигар ҷавонони фаъол иштирок намуданд.
Самандар Абдуллоев, директори Маркази ҷавонони шаҳри Душанбе доир ба дастгириҳои давлату ҳукумати кишвар нисбат ба қишри ҷавон ибрози андеша намуд.
Ҳамчунин иштирокчиён Шукрона Ҳакимова, Аминҷон Қурбонов, Суҳайл Асрорзода, Ҳофиз Сангаков, Дилноза Қурбонзода, Шариф Сайфҳусейнов ва Аминҷон Абдуллоев маърӯза намуданд.
АМИТ «Ховар»