Дар Душанбе Конфронси ҷумҳуриявии «Ташаккули модели рушди индустриалӣ-аграрии кишвар» баргузор гардид

Имрӯз дар Душанбе бо ташаббуси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Ташаккули модели рушди индустриалӣ-аграрии кишвар» баргузор гардид.

Дар кори он директории Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқназар Худобердӣ, роҳбари Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  Абдураҳмон Хонов, муҳақиқону коршиносони ниҳодҳои мухталифи тадқиқотӣ ва намояндагони вазорату идораҳо ва донишгоҳҳо  иштирок доштанд.

Холиқназар Худобердӣ ҳадафи асосии гузаронидани ин конфронсро муайян намудани роҳҳои рушди саноати аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дарёфти роҳҳои такмили низоми рушди иқтисод ва пешбурди ислоҳоти соҳавӣ дар ҷумҳурӣ номида, зикр намуд, ки бояд маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар солона аз 7 то 8 дарсад боло бардошта шавад. Дар ин сурат метавон то соли 2030 ба он ҳадафҳои асосие, ки дар пеш гузошта шудаанд, яъне табдил додани ҷумҳурӣ ба кишвари саноатӣ-аграрӣ, ноил гардид. Барои ин ҳама имкониятҳо мавҷуданд, танҳо барои дар ин роҳ муваффақ гардидан мебояд заҳмати зиёд кашид.

Дар рафти конфронс ҳамчунин зикр гардид, ки гузаштан аз иқтисодиёти аграрӣ-саноатӣ ба саноатӣ-аграрӣ маънои онро дорад, ки бояд пояи асосии рушди иқтисодиёти кишварро рушди саноат ташкил диҳад. Имрӯз, мутаассифона, ҳиссаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 12-13 ва маҳсулоти соҳаи аграрӣ 21-22 дарсадро ташкил медиҳад. Соҳаи саноатро мебояд бештар равнақ дод, зеро бидуни рушди соҳаи саноат наметавон ояндаи хуби иқтисодиро таъмин намуд.

АМИТ "Ховар"

Tags: