Дар Душанбе Ҳафтаи кӯдакон ва наврасони пойтахт ифтитоҳ ёфт

ТВТ. 28.05.2022. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар пойтахт Ҳафтаи кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе оғоз гардид. Зимни ифтитоҳи расмӣ бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, роҳбарони сохторҳои дахлдори шаҳрдорӣ, аз ҷумла Сарраёсати маориф ва кӯдакону наврасон – аъзои фаъоли Созмони хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ба номи Исмоили Сомонӣ маросими гулгузорӣ дар пояи муҷассамаи асосгузори аввалин давлати  тоҷикон- Шоҳ Исмоили Сомонӣ сурат гирифт.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе хабар доданд, соли равон бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ, ғоявию бадеӣ ва фарҳангиву маърифатӣ таҷлил намудани Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, бахусус Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ чорабиниҳои гуногун доир карда шуда, аз ҷумла аз 26 май то 1 июни соли 2022 Ҳафтаи кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе эълон шудааст.

Дар доираи ҳафтаи эълонгардида ташкилу баргузории барномаи фарҳангӣ ва маросими ҳавасмандгардонии ғолибони Фестивал – озмуни истеъдодҳои навраси шаҳри Душанбе «Шукуфаҳои пойтахт», рӯнамоии маҷмӯаи шеъру ҳикояҳои иширокчиёни Форуми якуми навқаламон ва эҷодкорони навраси шаҳри Душанбе «Килки сабз», ҷамъбаст ва ҳавасмандагардонии ғолибони олимпиадаи дуюми хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе аз фанни технология, мусобиқаҳои варзишӣ, аз қабили волейбол, футболи хурд, шоҳмоту шашка, озмунҳои мусаввири беҳтарин, аксияҳои таблиғотии дастаҳои ихтиёрии «Патрулони сабз» ва «Нозирони навраси ҳаракати роҳ», саёҳати пиёдагардӣ, барномаҳои фарҳангии сайёр барои таълимгирандагони мактаб- интернатҳои ҳудуди пойтахт ва ғайра ба нақша гирифта шудаанд.

Ҳафтаи кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе 1 июни соли 2022 дар Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон бо баргузории намоиши ҳунару эҷод, бозиҳои фароғативу дилхушкунанда ва барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ дар Боғи кӯдакони пойтахт ҷамъбаст карда мешавад.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Tags: