Дар Душанбе иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси миллӣ доир мегардад

Имрӯз дар шаҳри Душанбе иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор мегардад.
Интизор меравад, ки дар иҷлосияи нуҳуми палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон масъалаҳои муҳими марбут ба ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ баррасӣ гарданд.
Аз Маҷлиси миллӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ додаанд, ки аъзои палатаи болоии Парлумони кишвар қонунҳои Чумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» -ро баррасӣ ва ҷонибдорӣ менамоянд.
Гуфта мешавад, инчунин дар иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси миллӣ Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди кишвар дар соли 2016 гузориш хоҳад дод.
Ҳамзамон дар иҷлосияи Маҷлиси миллӣ номҳои баъзе аз маҳалҳои аҳолинишини Тоҷикистон иваз карда мешаванд.

Tags: