Дар давраи эълон гардидани пандемияи коронавирус дар ҳудуди мамлакат бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии ин бемории сироятӣ Агентии «Тоҷикстандарт» ҳуҷҷатҳои меъёрии «Роҳнамо барои фаъолияти нуқтаҳои хизматрасонӣ оид ба пешгирӣ аз сироятшавӣ ва паҳншавии бемории коронавирус (COVID-19)» ва «Роҳнамо барои фаъолияти кошонаҳои ҳусн ва сартарошхонаҳо оид ба пешгирӣ аз сироятшавӣ ва паҳншавии бемории коронавирус (COVID-19)»-ро таҳия намуд. Ҳуҷҷатҳои мазкур барои истифода дар нуқтаҳои хӯроки умумӣ, савдо ва дигар хизматрасониҳое, ки ҳамарӯза ба аҳолӣ расонида мешавад, татбиқ мегардад ва дар заминаи риояи қоидаҳои беҳдоштӣ тавсияҳои мушаххасро дар бар мегирад, ки барои фаъолияти бонизоми муассисаҳои хизматрасонӣ дар ин давра мусоидат менамояд. Дар ин бора 20 июл зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии «Тоҷикстандарт» Қудрат Давлатзода ба намояндагони воситаҳои ахбори омма иттилоъ дод.
«Аз ҷониби мутахассисони Агентӣ бо мақсади ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирӣ аз сироятёбӣ ва паҳншавии бемории коронавирус (COVID-19) ҳуҷҷатҳои меъёрии зикршуда бо теъдоди 10000 нусха ба нуқтаҳои савдою хизматрасонии ҳудуди шаҳри Душанбе дастрас карда шуданд», — афзуд Қудрат Давлатзода.
Дар нишаст таъкид гардид, ки иқдоми ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирӣ аз сироятшавӣ ва паҳншавии бемории коронавирус (COVID-19) дар байни субъектҳои хоҷагидор аз ҷониби мутахассисони марказҳои вилоятию минтақавии Агентӣ амалӣ карда мешавад.
АМИТ «Ховар»