Дар Душанбе дурнамои густариши ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Америка баррасӣ шуд

21 июн Вазири корҳои хориҷии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иҷрокунандаи вазифаи Ёвари котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Миёна Дин Томсонро, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омадааст, ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Америкаро мавриди муҳокима қарор дода, роҷеъ ба масъалаҳои мубрами минтақавӣ табодули назар карданд.

Ҳамсуҳбатон ба масъалаҳои таҳкими ҳифзи сарҳад, муборизаи муштарак бо гурӯҳҳои муташаккили ҷиноии фаромиллӣ ва қочоқи маводди мухаддир таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: