Дар Душанбе бо иштироки сармураббиёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Япония нишасти хабарӣ доир гардид

Имрӯз дар меҳмонхонаи «Тоҷикистон» нишасти хабарии пеш аз бозии марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 байни дастаҳои мунтахаби футболи  Тоҷикистон ва Япония баргузор гардид. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи  футболи Тоҷикистон иттилоъ  медиҳад.  

Тибқи иттилои манбаъ, дар нишаст сармураббиёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Япония Усмон Тошев ва Хадзимэ Мориясу ҳузур дошта, ба саволҳои хабарнигорон ҷавоб доданд.

Нахустин шуда, сармураббии дастаи мунтахаби  Япония  Хадзимэ Мориясу ба толори нишасти хабарӣ ҳозир шуд. Ӯ ба мардуми меҳмоннавози Тоҷикистон барои истиқболи самимияшон миннатдорӣ изҳор намуд. Баъдан  сармураббии дастаи   мунтахаби  Япония Хадзимэ Мориясу ба саволҳои хабарнигон  ҷавоб дода, аз ҷумла чунин гуфт:

«Ба ҳамагон маълум аст, ки дастаи  мунтахаби Тоҷикистон низ ба монанди мо дар гурӯҳи «Ғ» ду пирӯзӣ дорад, аз ин бармеояд, ки тоҷикон ба бозӣ бо мо хеле ҷиддӣ омода шудаанд. Мо баъд аз дидор бо дастаи мунтахаби Муғулистон дар ҳайатамон каме мушкилӣ дорем, ки он садди роҳи пирӯзии мо дар бозӣ бо Тоҷикистон нахоҳад шуд. Дар мавриди майдони сунъӣ гуфтанӣ ҳастам, ки ин таъсири худро ба бозии мо каме ҳам бошад, мерасонад. Бояд як нуктаи муҳимро зикр намоям, ки мо бо тамоми неруямон дар вохӯрӣ бар муқобили Тоҷикистон омода шудаем. Фардо ба шогирдонам барору комёбиҳо таманно дорам».

Дар идомаи  нишасти хабарии имрӯза сармураббии дастаи  мунтахаби футболи  Тоҷикистон Усмон Тошев иброз дошт, ки    «ҳайати дастаи мунтахаби Японияро бори дигар ба Ватани офтобиамон хушомадед мегӯям. Дастаи мунтахаби Япония  яке аз дастаҳои пурқувват дар қораи Осиё аст. Мо чӣ неруву тавоне, ки дорем, фардо дар майдон нишон хоҳем дод. Мо аз дастаи рақиб ягон ҳарос надорем. Аз мухлисони тоҷик даъват ба амал меорем, ки фардо ба Варзишгоҳи  марказии шаҳри Душанбе ташриф оварда, футболбозони шинохтаи тоҷикро дар ин бозӣ дастгирӣ намоянд».

Ёдовар мешавем, ки бозии марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 байни дастаҳои мунтахаби  Тоҷикистон ва Япония  пагоҳ, 15 октябр, соати 17:15, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

АМИТ «Ховар»

Tags: