Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон ҳамоиш доир мегардад

10 август  бахшида ба Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии «Душанбе-плаза» ҳамоиши тантанавӣ доир мегардад. Дар ҳамоиши мазкур иштироки беш аз 100 нафар собиқадорони варзиш ва ғолибони мусобиқаҳои сатҳи байналмилалию ҷумҳуриявӣ дар назар дошта шудааст. Дар ин бора сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Шоҳзод Раҳимзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод.

Зимни ҳамоиш варзишгарон ва собиқадорони варзиш бо  мукофот ва сипосномаҳои  Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе  қадрдонӣ карда мешаванд.

Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе бо мақсади ҷалби васеи ҷавонону наврасон ба варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим  ва густариши соҳа  тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ намудааст.

Ҳоло    бо мақсади оммавӣ гардонидани варзиш дар шаҳри Душанбе нақшаи чорабиниҳои мукаммал амалӣ мешавад.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола 10 август дар ҷумҳурӣ Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон таҷлил мешавад. Ин рӯз бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, оммавияти варзиш, ҷалби  бештари наврасону ҷавонон ва аҳолии ҷумҳурӣ ба варзиш эълон шудааст.

АМИТ «Ховар»

Tags: