Дар ҷумҳурӣ нисбат ба соли 2015 ба андозаи 26 фоиз камтар маводи мухаддир мусодира шудааст

Дар ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ нисбат ба соли 2015 1 тоннаю 250 кг ё 26 фоиз камтар маводи мухаддир мусодира карда шудааст. Ин нукта имрӯз дар нишасти матбуотии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз гардид.
Инчунин зикр гардид, ки аз тарафи кормандони Агентӣ дар соли 2016 152 ҷинояти вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ошкор гардид. Аз муомилоти ғайриқонунӣ 808 кг 149 грамм маводи нашъаовар, аз ҷумла 18 кг 377 грамм героин, 237 кг 267 грамм афюн ва 543 кг 929 грамм маводи нашъаовари гурӯҳи каннабис мусодира гардид, ки нисбат ба соли 2015 — 212 кг 65 грамм ё 20 фоиз камтар мебошад.
Ҳамчунин ду ҳодисаи муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовари навъи синтетикӣ ва моддаҳои психотропӣ ошкор ва аз муомилот 180 (с. 2015 — 5439) дона ҳабби синтетикии навъи экстазӣ (МДМА) ва Амфетамин мусодира карда шуд.

АМИТ «Ховар»

Tags: