Дар бораи ҳаводиси Қиғизистон: мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазъро таҳти назорат қарор додаанд

Вазъ дар Қирғизистон, баъдизадухӯрд  миёни кормандони  мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва ҷонибдорони собиқ президент Алмазбек Отамбоев, мӯътадил боқӣ мемонад. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳаддар ин бора ТАСС рӯзи панҷшанбе бо истинод ба Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон иттилоъдод.

 «Вазъ дар саросари ҷумҳурӣ мӯътадил боқӣ монда, аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартибот пурра зери назорат қарор дорад», — гуфт намояндаи мақомот. Ба гуфтаи ӯ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ дар Қирғизистон «ба таври муқаррарӣ» роҳандозӣ гардидааст.

«Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти мардумро таъмин мекунанд», — тазаккур дод манбаъ.

Рӯзи чоршанбе дар деҳаи Қой-Тоши вилояти Чуйи Қирғизистон дастаи таъйиноти махсус кӯшиши зӯран боздошт намудани Отамбоевро кард, ки ноком гардид. Ҷонибдорони собиқ президент, ки манзили ӯро посбонӣ мекарданд, ба ҳуҷум муқобилат карда, шаш нафарро гаравгон гирифтанд.

«Чор нафар бо захми тир дар беморхона бистарӣ шудаанд», — иттилоъ дод Вазорати тандурустии Қирғизистон. Дастаи таъйиноти махсус бинобар муқовимати шадиди ҷонибдорони собиқ президент маҷбур шуд, ки пас аз ҳашт соати оғози хуҷуми манзил қаламрави Қой-Тошро тарк намоянд.

Бо сабаби шиддат ёфтани вазъ, Президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков рухсатии кӯтоҳмуддаташро, ки онро дар вилояти Иссиқкӯл мегузаронид, қатъ карда, ба Бишкек баргашт. Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Жээнбеков, субҳи рӯзи панҷшанбе ҷаласаи фавқулодаи Шӯрои амният баргузор мегардад. Дар ин рӯз ҳамчунин ҳукумат ва парлумони Қирғизистон низ баргузории ҷаласаи ғайринавбатиро ба нақша гирифтаанд.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон, кӯшиши боздошти Отамбоев тибқи қонунгузории кишвар сурат гирифтааст, зеро собиқ президент ба содир кардани ҷиноят гумонбар дониста мешавад. «Зимни таҳқиқи парвандаи ҷиноӣ, иштироки бевоситаи Отамбоев дар озодкунии ғайриқонунии шахси маъруф дар олами ҷиноӣ Азиз Батукоев муайян карда шуд. Тибқи маводи парвандаи ҷиноӣ, бо дастури бевоситаи Отамбоев тариқи ташхиси бардурӯғ дар бораи бемории вазнин Батукоев ғайриқонунӣ аз ҷойи ҳабс озод карда шуд», — чунин мешуморанд дар ВКД Қирғизистон.

АМИТ «Ховар»

Tags: