Дар Бишкек бозии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 миёни Қирғизистон ва Тоҷикистон баргузор мешавад

Имрӯз, 19 ноябр, дар варзишгоҳи Долен Омурзоқови шаҳри Бишкек бозии даври 6-уми мусобиқоти интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи F байни дастаҳои мунтахаби Қирғизистон ва Тоҷикистон баргузор мешавад. Бозӣ соати 20:00 бо вақти маҳаллӣ (соати 19:00 –и вақти Душанбе) оғоз меёбад.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозии имрӯза дар мубориза барои ҷойҳои дуюм дар гурӯҳ ҳалкунанда хоҳад буд. Айни ҳол дастаҳои мунтахаби Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳар кадом 6-холӣ доранд.

Ба дастаи Тоҷикистон дар ин бозӣ бо  дастаи Қирғизистон муваффақият орзумандем!

Ҷоми ҷаҳон 2022.  Мусобиқаи интихобӣ

Даври дуюм Гурӯҳи F. Марҳилаи 6-ум

19 ноябр (сешанбе)

 Қирғизистон -Тоҷикистон

Бишкек, варзишгоҳи ба номи Долен Омурзоқов.

Оғози бозӣ  соати 19:00 ба вақти Душанбе

Сардовар: Абдулраҳмон Иброҳим Ал-Ҷасим (Қатар).

Нозири довар: Висва Натан Кришнан (Сингапур).

Комиссари бозӣ: Ҷаемин Шин (Кореяи Ҷанубӣ).

    Б Ғ М М Г И
1 Япония 4 4 0 0 13-0 12
2 Қирғизистон 4 2 0 2 9-4 6
3 ТОҶИКИСТОН 4 2 0 2 5-7 6
4 Монголия 4 1 0 3 2-9 3
5 Мянма 4 1 0 3 4-13 3

АМИТ «Ховар»  

Tags: