Дар Берлин тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Германия баррасӣ гардид

22 июли соли 2019 дар Берлин дар остонаи баргузории машваратҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Германия мулоқоти кории Сафири Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Германия Соҳибназар Ғайратшо бо Мудири Департаменти Осиёи Вазорати ҳамкории иқтисодӣ ва рушди Германия Гизела Ҳаммершмидт  баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Кӯшишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ташаббуси «300 рӯзи ислоҳот баҳри рушди соҳибкорӣ ва беҳтарсозии фазои сармоягузорӣ», таъсиси интернет-портали тиҷоратии Тоҷикистон, ислоҳоти қонуни андоз, саноатикунонии мамлакат ба манзури истеҳсоли молҳои ҷойгузини воридот ва тавсеаи шарокати рушд байни Тоҷикистону Германия аз ҷумлаи мавзӯъҳое буданд, ки зимни мулоқот баррасӣ гардиданд.

Сафири Тоҷикистон изҳор дошт, ки идомаи шарокати рушд дар соҳаи беҳтарсозии хидматрасонии тиббӣ, ҳифзи модару кӯдак, ҳамчунин баргузории ҳамоишҳои иқтисодии ҳар ду давлат ба татбиқи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030 мусоидат хоҳад кард.

Қарор аст, ки машваратҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Германия тирамоҳи соли равон баргузор гарданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: