Кормандони Раёсати Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳамкорӣ бо аъзои ситоди байниидоравии мақомоти таъмини амният дар вилоят ва ширкати «Помир Энерҷи» ба маблағи 1 млн 328 ҳазору 253 сомонӣ қарзи истифодаи барқро ҷамъоварӣ намуданд. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Зимни нишасти матбуотии Раёсати мазкур сардори Раёсати Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ Зоҳир Ғаффорзода иттилоъ дод, ки соли 2020 дар натиҷаи санҷиши фаъолияти объектҳои хоҷагирдории давлатӣ 1 млн 700 ҳазор сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардида, 1 млн 393 ҳазор сомонӣ ба буҷети давлат баргардонида шуд.
Дар ин давра 143 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодии дорои хусусияти коррупсионӣ ошкор карда шуд, ки маблағи зарар 2 536 928 сомониро ташкил дод. Аз ин ҳисоб 650 833 сомонӣ рӯёнида, барои баргардонидани 540 ҳазор сомонӣ ба судҳо аризаҳои даъвогӣ ирсол гардиданд. Аксари ин ҷиноятҳо хусусияти исрофкорӣ, тасарруфи молу мулки ба қарз додашуда, соҳибкории ғайриқонунӣ, ғайриқонунӣ додани қарз, сохтакории хизматӣ буда, 35 – тои онҳо ғайрикоррупсионӣ дониста шуданд. Аз рўи соҳаҳои хоҷагидорӣ ҷиноятҳои корррупсионӣ ва иқтисодии дорои характери коррупсионӣ ба соҳаҳои маориф ва илм, ҳифзи иҷтимоӣ ва тандурустӣ, бонкдорӣ, хоҷагии ҷангал, ҷамъиятҳои дорои масъулияташон маҳдуд ва соҳибкории инфиродӣ марбут буданд.
Ҳамчунин зикр гардид, ки бо мақсади таъмини низоми бонкдорӣ дар муассисаҳои бонкии вилоят 52 ҷинояти дорои хусусияти коррупсионӣ ошкор гардиданд. Зарари рўёнидашуда аз ин ҳисоб 549 668 сомониро ташкил дод. Аз ҳисоби қарзҳои мушкилситони бонкҳо 476 ҳазор сомонӣ ба филиалҳои бонкҳои «Амонатбонк»-и вилоят баргардонида шуд. Ҳамчунин молу амволи багаравмондаи бархе мизоҷони қарзгирифтаи бонкҳои «Агроинвестбонк» ва «Фононбонк» ба тавозуни онҳо гузаронида шуд.
Ҷиҳати бартараф намудани камбудиву норасоиҳо ба унвони идораву муассисаҳои марбута 103 пешниҳод фиристода шуд. Дар натиҷаи баррасии онҳо 1 нафар аз вазифа озод карда шуда, нисбат ба 20 нафар ҷазо дар намуди танбеҳу огоҳӣ татбиқ гардид.
Дар ин давра 67 ҳуқуқайронкуниҳои маъмурӣ вобаста ба коррупсия ба қайд гирифта шуда, 75 980 сомонӣ ошкор ва 64970 сомонии он ба буҷа баргардонида шуд. Аксари ин ҳуқуқвайронкуниҳо дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ ошкор шуданд.
Ба саволҳои хабарнигорон посух дода, сардори раёсат зикр намуд, ки дар маҷмўъ, ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии дорои характери коррупсионӣ дар вилоят рў ба камшавӣ ниҳодаанд.
АМИТ «Ховар»