ВМКБ: Рӯшон ғолиби даври аввали «Андалеб-2016» гардид

Даври аввали Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2016» дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷамъбаст гардид.
Ноҳияи Рӯшон бо барномаҳои рангину шавқовари худ ғолиби озмуни вилоятӣ гардида, ба даври дуввуми «Андалеб-2016», ки баргузории он  дар пойтахти кишвар дар назар дошта шудааст, роҳхат гирифт.
Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Андалеб» чанд сол инҷониб дар доираи «Барномаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик барои солҳои 2013-2020» баргузор мегардад. Соли ҷорӣ таҷлили ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз мавзӯъҳои асосии фестивал-озмун аст. Фестивал-озмун бо мақсади нишон додани дастовардҳои ҳунарию фарҳангии 25-соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати фарҳанги кишвар дар якҷоягӣ бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Амит "ХОВАР"

Tags: