Расонаҳо аз кушиши табаддулоти давлатӣ дар Туркия хабар медиҳанд

ибқи хабарҳои расонаҳои иттилоотии Ҷумҳурии Туркия ва Федератсияи Русия шаби 15 ба 16 июли соли равон дар Туркия аз тарафи як гурӯҳ ҳарбиён кушиши анҷом додани табаддулоти давлатӣ сурат гирифтааст.
Аз ҷумла агентии «Anadolu» дар бораи ба ҳалокат расидани 17 кормандони пулис дар назди ситоди марказии неруҳои таъиноти махсуси Туркия хабар додааст. Нашрияи «Hürriyet» оид ба тирпаронии ҳарбиён ба сӯи издиҳоми одамон, ки ҷониби купруки Босфор ҳаракат доштанд иттилоъ пешкаш кардааст.
Иттилоъ дода мешавад, ки аз оғози табаддулот чархболҳои ҳарбӣ ба тарафи биноҳои раёсати разведка, Ситоди генералӣ ва кумитаи телевизиони давлатӣ тиркушоӣ карданд. Мувофиқи хабарҳои паҳн кардаи агентиҳои РИА Новости ва РБК баъд аз ин ҳодиса тайёраи қиркунандаи нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоии Туркия чархболеро, ки табаддулотгаронро дастгирӣ мекард зада ба замин афтонидааст.
Бо даъвати президенти Туркия Реҷеп Эрдоган ҳазорон сокинон барои изҳори пуштибонӣ аз ҳукумати қонунӣ ба кӯчаву хиёбонҳо баромаданд.
Сарвазири Туркия Бинали Йилдирим изҳор кард, ки дар кишвараш кушиши анҷом додани табаддулоти давлатӣ аз ҷониби ҳарбиён сурат гирифтааст.
Тибқи суханони сарварзири Туркия вазъият таҳти назорати ҳукумати қонунӣ қарор дорад. Бо вуҷуди ҳамин то ҳоло маълумотҳои мухолифи ҳамдигар ҷо доранд. Гуфта мешавад, ки аллакай  дар чанд соати гузашта 42 нафар ба ҳалокат расидаанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: