«Базми баҳор»- базми дӯстии Тоҷикистону Чин

14 январи соли равон дар Муассисаи давлатии «Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ»  ба муносибати таҷлили соли нави чинӣ барномаи фарҳангии «Базми баҳор» баргузор гардид.
Дар барномаи фарҳангии мазкур Оркестри миллии созҳои халқии Гуандуни Ҷумҳурии мардумии Чин ба шаҳрвандони муқими ин кишвар дар Тоҷикистон ва дӯстдорони санъату фарҳанги пурғановати кишвари ба мо дӯст ва ҳамсояи Чин мусиқиҳои фораму шуниданиро пешниҳод намуд.
«Иди баҳор муҳимтарин ҷашнвораи анъанавии Ҷумҳурии мардумии Чин    ба ҳисоб меравад. Аслан ин ид аз рӯи тақвими қамарӣ маънои омадани соли навро дошта, гусели фасли зимистон ва пешвози фасли баҳор мебошад. Тамоми табиат аз нав бедор мешавад, ҳамаи оилаҳо сарҷамъ шуда, дӯстон гирди ҳам меоянд, шодиву умед ва сулҳу субот пойдор мегардад»,- иброз дошт Юе Бин, Сафири Ҷумҳурии мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Шамсиддин Орумбекзода, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муносибатҳои фарҳангии ду кишвар ёдовар шуда, аз ҷумла гуфт: «Агарчи доир ба таҷлили ҷашнҳои солинавӣ дар байни кишварҳо каме фарқият ҳаст, вале воқеият он аст, ки  соли навро ҳама бо дилу ниятҳои нек истиқбол мегиранд. Бародарони чинӣ аллакай базми наврӯзиро шурӯъ кардаанд. Мо ҳамеша ин ҷашнро дар моҳи март истиқбол мегирем. Мо ифтихор мекунем, ки мардуми тоҷик ин ҷашнро бо дилу нияти нек истиқбол мегиранд».
Юе Бин иброз дошт, ки «Ҷумҳурии мардумии Чин барномаеро таҳти унвони «Базми баҳор» солҳост дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор менамояд. Ин ҷашн таҷассумгари фарҳанги зебои чинӣ мебошад. Ҳамчунин он муоширати фарҳангии байни ду кишвари дӯсту ҳамсояро қавитар кардааст. Ин гуна барномаҳо ҳамеша ба хотири дилбастагии Ватан нисбат ба шаҳрвандони худ, дӯстию рафоқати мардуми Чин бо мардуми Тоҷикистон, орзую умед ба сулҳу субот, шодию хурсандӣ ва тинҷию амонӣ дар олам ҷашн гирифта мешавад».
Ёдовар мешавем, ки барномаи фарҳангии «Базми баҳор» аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии мардумии Чин ва Сафорати Ҷумҳурии мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати соли нави мардуми Чин баргузор гардид.
Ду намоиши дигар бо иштироки ҳунармандони чинӣ дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев ва шаҳри Ҳисор баргузор мегарданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: